Ба иттилои мақомоти Тоҷикикистон аввалин фаровардҳои нафтии Эрон вориди кишвар шуданд
https://sputnik.tj/20260925/avvalin-qatorahoi-naft-eron-voridi-tojikiston-1080698137.html
Аввалин қатораҳои нафт аз Эрон вориди Тоҷикистон шуданд
Аввалин қатораҳои нафт аз Эрон вориди Тоҷикистон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикикистон аввалин фаровардҳои нафтии Эрон вориди кишвар шуданд
2026-09-25T14:42+0500
2026-09-25T14:42+0500
2026-09-25T14:42+0500
дар тоҷикистон
эрон
нафт
қатора
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар дод, ки ахиран аз Эрон ба Тоҷикистон аввалин маҳмулаи нафт ва фаровардҳои нафтӣ ворид гардид.Вазорат ҳанӯз ҳаҷм ва шартҳои воридоти онҳоро ошкор накардааст.Дар моҳи август, Тоҷикистон бо Эрон созишномаеро дар бораи воридоти 2,55 миллион тонна нафт ва фаровардҳои нафтӣ имзо каррд.Душанбе дар як сол 2 миллион тонна нафт, 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 150 ҳазор тонна бензин ва 100 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймоӣ дархост карда буд.Тибқи ҳисобҳои Вазорати нақлиёт, барои интиқоли ин ҳаҷм тақрибан 51 ҳазор вагони роҳи оҳан лозим аст.Душанбе пешниҳод кард, ки қатораҳои махсус ташкил кунанд ва "долони сабз" барои транзити сӯзишворӣ тавассути шабакаи роҳи оҳани Эрон таъсис дода шавад.Тоҷикистон ва Эрон марзи муштарак надоранд ва ҳаракати бор байни онҳо аз кишварҳои сеюм мегузарад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дар нимаи аввали соли 2026 байни Тоҷикистон ва Эрон 432,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки аз ҷумла 334 ҳазор тонна тавассути роҳи оҳан сурат гирифтааст.Нафти Эронро метавон дар Тоҷикистон дар бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар кишвар, TK-Oil, дар минтақаи озоди иқтисодии Данғар, коркард кард.Иқтидори лоиҳавии он тақрибан 1,2 миллион тонна нафт дар як сол аст. Корхона муддати тӯлонӣ натавонист ба кори худ оғоз намояд ва яке аз сабабҳои он норасоии ашёи хом буд.Тибқи омор, Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аз январ то июни соли 2026, Тоҷикистон 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки беш аз 90%-и он аз Русия ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20260908/pizishkiyon-rahmon-hamkoriho-hamajoniba-tojikiston-eron-1080268093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
1920
1080
true
1920
1440
true
1920
1920
true
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Sputnik Тоҷикистон
дар тоҷикистон, эрон, нафт, қатора, энергетика
дар тоҷикистон, эрон, нафт, қатора, энергетика
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикикистон аввалин фаровардҳои нафтии Эрон вориди кишвар шуданд
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар дод, ки ахиран аз Эрон ба Тоҷикистон аввалин маҳмулаи нафт ва фаровардҳои нафтӣ ворид гардид.
Вазорат ҳанӯз ҳаҷм ва шартҳои воридоти онҳоро ошкор накардааст.
Дар моҳи август, Тоҷикистон бо Эрон созишномаеро дар бораи воридоти 2,55 миллион тонна нафт ва фаровардҳои нафтӣ имзо каррд.
Душанбе дар як сол 2 миллион тонна нафт, 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 150 ҳазор тонна бензин ва 100 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймоӣ дархост карда буд.
Тибқи ҳисобҳои Вазорати нақлиёт, барои интиқоли ин ҳаҷм тақрибан 51 ҳазор вагони роҳи оҳан лозим аст.
Душанбе пешниҳод кард, ки қатораҳои махсус ташкил кунанд ва "долони сабз" барои транзити сӯзишворӣ тавассути шабакаи роҳи оҳани Эрон таъсис дода шавад.
Тоҷикистон ва Эрон марзи муштарак надоранд ва ҳаракати бор байни онҳо аз кишварҳои сеюм мегузарад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дар нимаи аввали соли 2026 байни Тоҷикистон ва Эрон 432,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки аз ҷумла 334 ҳазор тонна тавассути роҳи оҳан сурат гирифтааст.
Нафти Эронро метавон дар Тоҷикистон дар бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар кишвар, TK-Oil, дар минтақаи озоди иқтисодии Данғар, коркард кард.
Иқтидори лоиҳавии он тақрибан 1,2 миллион тонна нафт дар як сол аст. Корхона муддати тӯлонӣ натавонист ба кори худ оғоз намояд ва яке аз сабабҳои он норасоии ашёи хом буд.
Тибқи омор, Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аз январ то июни соли 2026, Тоҷикистон 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки беш аз 90%-и он аз Русия ворид гардидааст.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | "Интизор будем" — чаро ҳавопаймои Эрон сари вақт ба Тоҷикистон нарасид? | 0 | 9.11 | 25-09-2026 |
| 2 | Ароқчӣ: Эрон барои тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо омода аст | 0 | 10.38 | 25-09-2026 |
| 3 | Шермуҳаммад Шоҳиён: Тоҷикистон дар ҳар шароит дар канори Эрон хоҳад буд | 0 | 7.48 | 28-09-2026 |
| 4 | Тоҷикистон бори аввал дархост барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард | 0 | 8.86 | 27-09-2026 |
| 5 | Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухм зиёд шудааст | 0 | 6.4 | 28-09-2026 |
| 6 | Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард | 0 | 13.77 | 29-09-2026 |
| 7 | Аз афзоиши таваррум то болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Омори ҷадиди мақомот | 0 | 5.72 | 26-09-2026 |
| 8 | Муҳриддин: Тоҷикистон ҳавасманди нигоҳ доштани сулҳу субот дар Афғонистон аст | 0 | 7.35 | 23-09-2026 |
| 9 | Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст | 0 | 8.26 | 30-09-2026 |
| 10 | Дар Тоҷикистон шумораи бемориҳои сироятӣ коҳиш, аммо паразитӣ афзудааст | 0 | 4.44 | 28-09-2026 |